- дафтарча
- [دفترچه]1. шакли тасғири дафтар; дафтарчаи хурд (-и одатан кисагӣ барои қайдҳои шахсӣ); дафтарчаи ёддошт(ҳо), дафтарчаи хотирот, дафтарчаи кисагӣ2. ҳуҷҷат ба шакли китобча: дафтарчаи имтиҳон(от), дафтарчаи амонатгузорӣ, дафтарчаи узвият; дафтарчаи меҳнатӣ ҳуҷҷатест, ки фаъолияти меҳнатии коргарон ва хизматчиён дар он нишон дода мешавад ва барои муқаррар кардани собиқаи корӣ санади асосӣ мебошад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.